Рубрики
Асосӣ

АШТ: Ҳашари дастҷамъона дар ғунучини “тиллои сафед”

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Ашт Раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар замини хоҷагии ёрирасони назди кумиҷроияи ноҳияи Ашт бо ҳашарчиён – аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқоти озоду самимӣ орост. Дар мулоқот раиси кумиҷроия насли фардосози миллатро ба меҳнатдӯстиву рафоқатпешагӣ  даъват намуда, зикр намуд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ аз он ҷиҳат насли хушиқбол маҳсуб мешаванд, ки аз насими озодиву ободӣ нафаси тоза мекашанд. Ба рӯи онҳо ҳама дарҳои илму ҳунар боз аст. Танҳо ғайрату малака ва азму иродаи қавӣ лозим аст, ки ба мақсуди дил расӣ.

Сипас дар майдони пахтазори хоҷагии ёрирасон раиси кумиҷроияи вилоятӣ бо ҳамроҳии аъзоёни  фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кормандони кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб барои ғунучини “тиллои сафед”  ёрмандӣ намуданд.

Тавре раиси кумиҷроия Хушнуд Каримзода иттилоъ дод, алҳол дар замини хоҷагии ёрирасон дар майдони 2,5 гектар пунбадона кишта, то ин замон зиёда аз 2,5 тонна дури гаронбаҳо ба хирман рехтанд. Дар боқимонда майдон дарахтҳои мевадиҳанда аввали сол бо иштироки раиси кумиҷроияи вилоятӣ шинондаанд, ки алҳол ҳолати сабзишашон хуб аст.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *