Рубрики
Last News

АШТ: ҲУНАР БЕҲ АЗ МЕРОСИ ПАДАР

Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҷалб намудани ҷавондухтарону ҷавонписарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ санаи 3-юми майи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт аз ҳунари сӯзанидӯзии духтарон ва ҳунари кандакории писарони муасиссаи мазкур аз наздик ошно гардиданд. Дар муассисаи мазкур барои ҷалб намудани ҷавондухтарон маҳфили “Сӯзанидӯзӣ ” аз соли 2010 инҷониб амал намуда, дар якчанд озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ маҳфил ҷойҳои ифтихориро сазовор гардидааст. Рафти сӯҳбат бо роҳбари маҳфили “Сӯзанидӯзӣ” Машарипова Ш ва духтарон маълум гардид, ки духтарони муассиса вақтҳои холии худро бештар ба дӯхтани нақшу нигори миллӣ дар рӯи ҳар гуна матоҳо, пухтани таомҳои миллӣ ва хондани китобҳои бадеӣ сарф менамоянд.

Инчунин, барои ҷавонписарон омӯзгори касбу ҳунар Самиев З доир ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ба писарони муасиса таълим дода, онҳоро бо нозукиҳои касбҳои кандакорӣ, чубтарошӣ, сикказанӣ ва сохтани ҳар гуна ашёҳои хонагӣ ҷалб намудаанд, ки дар баробари рушди соҳаи ҳунармандӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шароити мусоид низ ҷиҳати инкишоф додани ҳунари хеш ва нишон додани он дар дохил ва хориҷи кишвар, ки инъикосгари миллати тоҷик аст, як такони ҷиддие бахшид.

Омӯзгорони касбу ҳунари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 кӯшиш менамоянд, дар рушди соҳаи ҳунрмандӣ ва ба талаботи муосир мутобиқ намудани ҳунарҳои миллӣ ҷавондухтарону ҷавонписаронро бештар ҷалб намоянд. Зеро “Ҳунарманд ҳар ҷо равад азизу гиромӣ аст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *