Субҳи имрӯз раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо мақсади ошноӣ аз ҷараёни фаъолияти кории ҳизбиёни ноҳияи Ашт озими ин диёр шуд.
Нахуст мавсуф дар идораи коммисариати ҳарбии ноҳия бо комиссари ҳарбии ноҳия Шарифзода Хайрулло, мутассадии даъвати наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Маҳмудзода Ҷамшед мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат таъкид шуд, ки ҳизбиёни ноҳия, хоса аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҳамеша омодаанд, ки барои ҳифзи марзу буми кишвар ба хизмат раванд.
Исмоилзода Зуфар Муртазохон аз масъулин ва кормандони кумиҷроияи ноҳияи Ашт даъват ба амал оварданд, ки корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳиро дар муассисаҳои таълимӣ боз ҳам ҷоннок намуда, бо баргузории чорабиниҳо аз қабили Рӯзи дарҳои кушод шавқ ва завқи ҷавононро нисбати Ватан – модар бедор намоянд.
Ба Раиси кумиҷроияи вилоятӣ иттилоъ доданд, ки нақшаи даъват ба андозаи 50 фисад анҷои дода шуда, рӯзҳои наздик гурӯҳи калони наваскарон ба хизмати ҳарбӣ гусел карда мешаванд.