АНДЕША: Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи одамони бекору гурусна ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардид. Терроризм ва экстремизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Ҷоизи қайд аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид мекунад. Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм-вазифаи ҷонии ҳамаи мардумони Тоҷикистон мебошад. Мо кӯшиш менамоем, ки шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгароӣ, яъне экстремизм ва терроризм пешгирӣ намоем. Ба қадри дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.
Дар ин росто, ҳар яки мо вазифадорем, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзӯр намоем. Алалхусус, дар ин раванд ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошанд, ба фиреби бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд. Бинобар ин вазифаи асосии мо Истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбият намудан аст.
Аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Ашуров Х.