Рубрики
Асосӣ

АШТ: Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд

         Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар асоси барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократиии Тоҷикистон таҳти №30 аз санаи 25.06.2021сол ва дастуру супоришҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши МИҲД-и ноҳия, Федератсияи футболи ноҳия мусобиқаи варзишии футболи ғайрикасбии хурдро барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”  байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишинӣ Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намуданд.

       Бояд қайд кард, ки мусобиқаи варзишии футболи хурд аз чор марҳила иборат буда, марҳилаи аввал аз санаи 1-уми июл то санаи 5-уми августи соли 2021 дар сатҳи деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолнишини Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардида, ғолибони сатҳи деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолнишини Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба марҳилаи дуюми мусобиқа, марҳилаи ноҳиявӣ роҳ ёфта буданд.

        Тайи чанд рӯз аст, ки  марҳилаи дуюми мусобиқа дар маркази ноҳия идома ёфта, имрӯз бошад  бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Саидов Фирдавсхон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳия Мамадҷонов Зафар ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ашт  Салоҳиддинов Парвиз давраи ноҳиявии мусобиқаи варзишии футболи ғайрикасбии хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ҷамъбаст гардида, ғолиби ҷойи якум ба дастаи “Маҳмудҷон Воҳидов”-и Ҷамоати шаҳраки Шайдон, ҷойи дуюм дастаи “Чилчашма”-и Ҷамоати деҳоти Ифтихор ва ҷойи сеюмро дастаи “Даштӣ”-и деҳаи Сарои Ҷамоати деҳоти Понғоз ишғол намуданд.

Ғолиби ҷойи якуми даври ноҳиявии мусобиқаи варзишии футболи ғайрикасбии хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” барои иштирок дар даври сеюми мусобиқа, яъне  даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

        Инчунин бозингарони дастаи “Бахмал”-и Ҷамоати деҳоти Меҳробод  дар мусобиқаи варзишии футболи ғайрикасбии хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”   иштирокчии беҳтарин дониста шуд.

       Дар фарҷоми мусобиқаи варзишии футболи ғайрикасбии хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”  ғолибони ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва беҳтарин бозингарон бо ,,Ҷоми ҲХДТ” , диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  қадршиносӣ карда шуд.

       Суратгузориш аз рафти баргузории мусобиқаи футбол

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *