Бахшида ба таҷлили бошукўҳи «Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон» кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Кумиҷрояҳои шаҳри Хуҷанд, Бўстон, собиқадорони ҳизбию давлатӣ ва аъзоёни намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Бўстон ба мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон ташриф оварданд.
Дар чорабинии мазкур саравал директори мактаб-интернати Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон Абдуғаффорзода Рухсора баромад намуда, ба меҳмонон ҷиҳати ташриф намудан, изҳори сипос баён намуд. Баъдан муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимзода Мадина, директори мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқад дар шаҳри Бўстон Набизода Мадина ва дигарон баромад намуда, кўдакони таълимгоҳро ба муносибати «Рўзи байналмилаии ҳифзи кўдакон» таҳният намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа ёдоварӣ намуда, ироаз гардид, ки ҳеҷгоҳ руҳафтода ва худро танҳо мапиндоранд, зеро давлату Ҳукумати мамлакат зери рохбарии Пешвои миллат ҳамеша ғамхор ва пуштибони шумост.
Дар охири чорабинии мазкур дастовардҳо ва ҳунархои мардумии тарбиятгирандагони мактаб интернати мазкур мавриди намоиш қарор дода, чорабинии фарҳангӣ таъби иштирокчиёнро болида гардонид.