Дар доираи вохӯриву суҳбатҳои худ бо интихобкунандагон вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ – 18, узви фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Ғайрат Азиззода ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон собиқадори меҳнат Толиб Гиёевро аёдат карданд.
Зимни суҳбати самимӣ Ғайрат Азиззода аз фаъолияти пурсамари Толиб Гиёев дар пешрафту ободии ҷомеа ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки корномаи чунин инсонҳои некном намунаи ибрату пайравӣ ба насли имрӯзу оянда аст.