Дар моҳи шарифи Рамазон мо кӯшиш мекунем, ки фазилатҳои накӯкориро бештар риоя намоем, ба аёдати падарону модарон, беморону ранҷурон равем. Шахсони саховатманд, тавону имконияташон бештар, аз ҳолати ятимону маъюбон, камбизоатон, дармондагон, шахсони имконияташон маҳдуд, ниёзмандон огоҳ гарданд, дасти мададу ёрмандӣ расонанд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилон, фаъолони ҳизбӣ ва шахсони саховатманд дар моҳи шарифи Рамазон якчанд оилаҳои ниёзмандонро аёдат намуда, ба оилаҳо маводҳои озуқаворӣ дастрас намуданд. Оилаҳои аёдаткардашуда сипосгузории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, шукргузорӣ аз ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот намуданд. Суратгузориш аз ҷараёни аёдат.