Рубрики
Uncategorized

АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН ЯКЕ АЗ ҲИКМАТҲОИ АСЛИИ МОҲИ РАМАЗОН АСТ

Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки саховатмандон аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ гарданд ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз кунанд. Дар пайрави аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал намуда, маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳу пулҳо, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба маҳалли зисти худ, тармиму обод кардани манзили зисти хеш ё шахсони камбизоат сарф менамоянд, ки ин амал, албатта, боиси дастгириву таҳсин мебошад.

Раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демкоратии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Рузибой Раҳимзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Туйғунов Саидмурод якчанд маъюбон ва эҳтиёҷмандро аёдат намуда, маводҳои озуқаворӣ ва аробачаи маъюбӣ тақдим намуданд. Ёдовар мешавем,ки шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша дар мадди назари ҳукумати кишвар ва ҲХДТ қарор дошта, аъзоён ва ҷонибдорон талош бар он менамоянд, ки пайваста аз сатҳи некуаҳволии зиндагии онҳо бархурдор гарданд.

Аёдати шахсони имконияташон маҳдуд ва ниёзманд дар моҳи мубораки Рамазон аз ҷониби вакилон ва аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳия бомаром идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *