Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар ноҳияи Деваштич, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, барои амали гардонии дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати аёдати оилаҳои эҳтиёҷманд, пирони рӯзгордида яккаву танҳо ва маъюбон чораҳои амалӣ андешида шуда, дар арафаи Иди саиди фитр оилаҳои эҳтиёҷманд , пирони рӯзгордидаи яккаву танҳо ва маъюбон бо маводҳои хӯрока аёдат карда шуданд. Шахсони аёдаткардашуда дасти дуо кушода барои чунин хайрияи инсондустона ба Роҳбармияти Олии кишвар, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдори баён намуданд.
Рубрики