Рубрики
Uncategorized

Аёдати сарбозон

Тибқи нақша – чорабинии КИ ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ба муносибати 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аёдати сарбозони қисми ҳарбии 04533 бо иштироки аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Дар оғози мулоқот сармуҳаррири нашрияи “Афкори халқ” М.Абдуваҳҳобова, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” А.Фозилов, аъзои шӯрои занони кумитаи иҷроия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истаравшан М.Раҳматова, аъзои шӯрои занон, мудири бахши фарҳанги МИҲД Ш.Назарова ва мушовири дифои ҳарбии раёсати маорифи шаҳр Д.Шарипов афсарону сарбозонро бо санаи мубораки 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, баҳри хизмати шоиста ба халқу диёри азизи худ комёбиҳо таманно намуданд.Сипас байни ҷавонон ва сарбозон мулоқоти гарму самимӣ доир шуд. Ҷавонони даъватшаванда бо ҳайати сарбозон, тарзи истифодабарии олотҳои ҷангӣ,  тартибу низом дар қисми ҳарбӣ аз наздик шинос гаштанд. Дар охир аз тарафи кормандони бахши фарҳанг дастагули мусиқӣ ба афсарону сарбозон ва ҷавонони даъватшаванда ҳадя гардид. Сарбозон ва ҷавонони “Созандагони Ватан” бо рақсу бозӣ, шодию нишоти худро аз осмони сулҳу саодати Ватани азиз – Тоҷикистони биҳиштосо изҳор намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *