Рубрики
Uncategorized

Баргузории ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва намоиш-фурӯши китоб дар ДДҲБСТ

Дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва намоиш – фурўши китобҳо доир гардида, роҳбарон ва намояндагони беш аз 30 ташкилоту мақомотро сарҷамъ кард. Аз ҷумла дар ярмарка роҳбарону намояндагони ташкилотҳои бонкии Ҳумо, Амонатбонк, Коммерсбонк, Бонки Эсхата ва корхонаҳои саноатии Ҷавонӣ ва Фаровон иштирок намуданд.

Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ баргузор карда шуд. Ярмарка бо мақсади рушди касбият ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба Рўзи ҷавонон ва 25- солагии иди Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Нахуст меҳмонон аз гӯшаҳои ба намоишгузошташудаи корхонаву ташкилотҳо ва пешниҳоди намоишу фуруши китобҳо дидан карданд.

Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ярмаркаи мазкур шодбош намуда, иброз кард, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату ҳукумати мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани хатмкунандагон мебошад. Дар идома, сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Суғд Нодири Шермуҳаммад ва чанде аз роҳбарони мақомоту ташкилотҳои ҳамкор баромад карда, ташкили ярмаркаи мазкурро барои дарёфти ҷойи кории сокинон махсусан хатмкунандагон саривақтиву зарурӣ арзёбӣ намуданд.

Баргузории чунин ярмаркаҳо дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *