Рубрики
Асосӣ

Барномаи сиёсӣ таҳлилӣ “Амният ва ҷомеа”

Ин навбат барномаи сиёсӣ – таҳлилӣ “Амният ва ҷомеа” –и идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд  ба мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба сӯи фардои обод” бахшида шуд. Дар барнома Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло, директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Рабизода ва Ректори Донишкадаи куҳӣ – металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ  ширкат намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар барномаи “Амният ва ҷомеа”оид ба  рушди соҳаи иқтисодӣ ва сиёсати иҷтимоӣ, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зикр гардид, сухан намуд: Тавре Пешвои милат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд намуданд: -ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат беҳтар кардани шароити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад. Дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, саноатикунонии босуръати кишвар Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шавад. Ин иқдоми Пешвои миллат метавонад дар  5-соли оянда зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар намояд.  Дар зарфи 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи Сарвари  давлат аст.

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷӯразода Ҷамшед Ҳабибулло оид ба рушди маориф ва дигар соҳаи иҷтимоӣ ҷавонон, занон, варзиш, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра сухан намуда қайд намуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани нақши занон, ҷавонон дар ҷомеа, таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани савияи донишандӯзии наврасон ва ҷавонон иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи Ҷумҳуриявӣ ба мисоли “Фуруғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, ” Илм фуруғи маърифат”, хадафи 4-уми стратегии кишвар яъне саноаткунони, баланд бардоштани иқтисодиёти мамлакат ва дигар масъалаҳои муҳимро дар Паёми навбати ироа намуданд, ки чиҳати амалӣ гардидани он, мо низ ҷавонон кушиш намоем.

Чун ҳамаи мо воқиф гардидем дар Паёми имсола Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ сухан намуда таъкид намуданд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.

Дар баробари он, ки дарёҳои Тоҷикистон асоси иқтидори гидроэнергетикии кишварро ташкил медиҳанд, яке аз хусусиятҳои он дар ин аст, ки оби ҳамаи дарёҳо мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ ҳамчун оби ошомиданӣ эътироф шудаанд. Аз ин сабаб бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, соли 2013 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об” ва ниҳоят солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон карда шуданд. Ин нуктаҳоро директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Саидӣ Дилафрӯз Рабизода дар барномаи сиёсӣ – таҳлилӣ “Амният ва ҷомеа” –қайд намуд.  

Сипас Ректори Донишкадаи куҳӣ – металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ  оид ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон баромад намуд: Дар Паёми имсола президенти кишвар ироа намуданд, ки Мизони асосии усули «дарҳои кушода», ки мо дар сиёсати хориҷии худ пеш гирифтаем, роҳандозӣ кардан ва пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек, шарикӣ, ҳамкории судманд бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон бо 180 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда, узви комилҳуқуқ ва фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохторҳои бонуфузи глобалӣ ва минтақавӣ мебошад. Тоҷикистон бар асари талошҳои муассир ва масъалагузориҳои мантиқию саривақтии Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз  дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Инчунин коршиносони  барномаи сиёсӣ – таҳлилӣ “Амният ва ҷомеа” –и идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, ки ба мавзӯъи “Паёми Пешвои миллат – роҳнамо ба сӯи фардои обод” бахшида шуда буд оид ба ҷамъбасти 30-соли истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми имсола бо Паёми соли гузашта бо кадом нуктаҳо фарқ дошт фикру андешаҳои хешро баён намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *