Бо дастуру супоришҳои муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор гурӯҳи кории КИМ ҲХДТ бо сарварии роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, сармуҳаррири рӯзномаи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» Ҳамдамов Бахтиёр ва мудири шуъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Муҳаммадҷон Вализода аз фаолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид намуданд.
Гурӯҳи кории КИМ ҲХДТ дар ҷараёни боздид бо роҳандозии кори ҳизбӣ, самаранок пеш бурдани фаъолияти шуъба ва бахшҳо, ба тартиб даровардани китобҳои воридотӣ-содиротӣ ва бақайдгирии аъзоёни нав, фармоишҳо, ҳуҷҷатҳои ТИ, ҳамзамон барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби ҷавонон, занон ва собиқадорон шинос шуда, барои беҳдошти он маслиҳатҳои судманд доданд.
Ҳамчунин аъзоёни гурӯҳи корӣ бо фаъолияти як қатор ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, аз ҷумла, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, пешниҳоди ҳисобот мутобиқи талаботи Оинномаи ҲХДТ ва низомномаҳои коргузорӣ тартиби қабул ба сафи ҳизб, пордохти ҳаққи узвият, ташкилу баргузории хонишҳои сиёсӣ ва дигар чорабиниҳои тарғиботӣ шинос шуданд.
Аз ҷониби гурӯҳи кори ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар ҷомеаҳои меҳнатӣ ёрии методӣ расонида шуд.