Дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар мадди аввал гузоштани ниёзи мардум ҳатмист. Зеро ҳама сохторҳои давлатӣ, ҳизби ҲХДТ, вакилон, шахсони худогоҳу меҳанпараст баҳри хизмат ба халқ талош менамоянд.
Кушишу ғайратҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен баҳри баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар байни халқ барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум равона карда шудааст. Бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ҳал намудани мушкилоти аҳолӣ ҳадафи асосии ҳизб аст, ки ҳамин муаррифгарӣ ҳизб дар байни аҳолӣ мебошад. Пайваста шаҳрвандон ба кумитаи иҷроия бо дархосту ниёзи худ муроҷиат менамоянд ва ҳалли муаммоҳои худро меёбанд.
Яке аз муроҷиаткунандагон раиси маҳаллаи ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев, собиқадори ҳизбу меҳнат Мамаҷонова Дилбар мебошад. Ӯ барои Негматова Салима истиқоматкунандаи ин маҳалла, ки бемор буда, ба аробачаи маъюби ниёз дорад, дархост намуд.
Раиси Кумитаи иҷроия Ойбек Насруллозода бо дастгирии фаъолон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Москва кору фаъолият менамоянд, аз Федератсияи Руссия барои ин зани бемор аробачаи маъюби фиристода, ниёзи ӯро ҳал намуданд.
Барои Негматова Салимаи 66 сола, ки ба саҳни ҳавлӣ ва кӯча баромадан ғаёриимкон буд. Дар ин моҳи Шарифи Рамазон аз ин ғамхорӣ ашки шодӣ рехта, дасти дуо бардошт.