Яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷае, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар назди худ гузоштааст, ин хидмат ба мардум мебошад. Шиори ҳизб низ “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” аст. Дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен қабулгоҳи ҷамъияти фаъолият менамояд. Кумитаи иҷроия барои ҳалли мушкилоту муаммоҳои аҳолӣ мусоидат менамояд.
Боиси зикр аст, ки дар давоми 4 моҳи соли равон ба Кумитаи иҷроия 41 нафар бо масъалаҳои худ муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 4 нафар аробачаи маъюбӣ дархост намуданд. Бо дастгирии вакил ва ҷонибдорони ҳизб ин мушкилоти муроҷиаткунандагон ҳал гардид.