Рубрики
Асосӣ

ВОКУНИШ: Баромади Кабирӣ – афсонаи кӯдакона

Дар асл наворе, ки Кабирӣ барномаи худро барои рушди Тоҷикистон пешниҳод намудааст, мисли афсонаҳои кудаконааст, ки ҳар шахс барои кӯдакони худ нақл карда, онҳоро хоб мекунонад.

Сараввал дар барои барномае сухан мегуяд, ки фарогири ҳама ҳизбҳо бошад ва ҳар кас аз ӯ истифода карда тавонад, вале бояд гуфт, ки дар кишвар мо аз барнома болотар Конститутсия мебошад, ки форогир ва танзимгари ҳама барнома, созишнома ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ мебошад.

Мо бояд донем, ки афсона сохтан ё эҷод кардан осон аст, вале афсонаро воқеӣ кардан ғайриимкон аст, агар барномае дори, ватани моро ба суи рушду муваффақият мебарад, ба давлат пешниҳод кун ва давлат ҳар коре, ки нафъӣ давлату миллатаст, ҳатман қабул мекунад, вале он барномаи шумо ғайр аз манфиати худ ва хоҷагонат ба каси дигар ҳеҷ гоҳ манфиат намеорад, давлатро ба харобагӣ ва дубора ба ҷанги шаҳрвандӣ мекашад.

Иброз медорад, ки маҳз танқидҳои ӯ имрӯз боиси пешрафт кишвар гарта, таваҷҷуҳ ба бемориҳои сироятӣ, посдории марз ва дидори шаҳрвандони зарардида гаштааст – дар ҳамин вақт базе афсонаҳои афандӣ ба хотирам омад, ки ҳамеша худашро қаҳрамон месозад. Кирдорҳои танқидии шумо ягон вақт барои пешрафти кишвар саҳгузорӣ накардааст ва ҳар коре, ки ту пешниҳод мекунӣ асло намешавад, барои ҳамон пешравиатро дар хонаат ва ҳаммаслаконат кун. Ту худатро ҳеҷ вақт қаҳрамони хуб эҳсос накун, дар ҳолате, ки ту бо кирдорҳои худ солҳои навадум худро муаррифӣ намудаи, ки то чӣ андоза ғамхор ва дилсузи миллат ҳастед. Мардум низ туро нағз мешиносанд ва худро тағйир надеҳ, ту аз роҳи душманиат ҳеҷ вақт намегардӣ, боз дуруғгуӣ накун.

Мисли гови бешир овоз баланд мекунед, ки гуё сиёсати имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нодурустаст, вале фаромуш накунед, ки маҳз сиёсати ватандӯстонаи, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо рӯз то рӯ ба муваффақияту музаффариятҳо расида истодаем ва ҳеҷ як номухаллафе мисли ту ба давлати мо зарари худро расонида наметавонад. Ҷанги шаҳрвандиро ташкил кардед ва мардумро ба гумроҳӣ кашида, ғасби моликияти давлат накардед. Кӯдакони мардумро зинда гур кардед ва ба номуси онҳо расидед. Афсус, ки таърих забон дораду даст ва пой надорад, ки шуморо аз дастатон гирифта ба мардум бо забони худ муаррифӣ кунад, пасон ба гури пусида ҷой кунад.

Мехоҳӣ механизме бошад, ки Ҳукумат ва Президент идора кунад, пас ту худ дар даврае қарор дори, ки ба қудрати халқ, қонун ва имону инсоф ҳеҷ боварӣ надорӣ. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввали ба сари қудрат омаданаш ба қувваи бузурги халқ, ҳисси баланди инсондӯстӣ ва ватандӯстии миллат боварии комил дошт, бо қувваи бузурги миллати тоҷик ин оромиҳо ва муваффақиятҳо ба даст омадааст. Тибқи моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Намунаи олӣ ин аст, ки имрӯз халқ Сарвари давлатро интихоб менамояд ва дар мақомоти олии қонунгузор ва намояндагӣ вакилони худро интихоб карда, дар идоракунии давлат бевосита ё бавосита иштирок менамояд. Ту фикр мекуни, ки ба як шахсияти ҷасуру ғаюр ва қаҳрамони миллат, ки ҳастии худро барои таъмини амнияти миллат ва рушди кишвар бахшидааст, осонаст ҳамаи он таҳқиру пастзаниҳои шумо, албатта писанд нест, вале маҳз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва таҳаммулпазирии Ӯ мебошад, ки шумо дар як давлати хориҷӣ паноҳгоҳ гирифта, умр ба сар мебаред. Тоҷикистони имрӯза қодираст, ки дар як рӯз тибқи нақшаҳои муштарак бо давлатҳои хориҷи тамоми мухолифин ва ифротгарову эктремизмро сарнагум созад, шояд ин фусатаст барои ислоҳ шудани шумо.

Тарафдории ту аз сиёсати Амрико ва Қирғизистон беҳуда нест, бори дигар шаҳодат медиҳад, ки хоҷагони ту дар кадом давлатҳо боқӣ мондааст ва назди ки қарздор ҳастӣ. Ҳеҷ як сиёсати умумӣ ё эътирофшудае барои ҳамаи давлату миллатҳо то имрӯз вуҷуд надорад, ҳар як давлат вобаста ба душману дӯстонаш стратегияи давлатдорӣ месозад ва мавқеи худро муайян месозад. Барои шумо хубаст, ки яккароҳбарӣ набошад ва дихоҳ вақт ба сари сиёсатмадорон зулм овардан, дар асл ҳар як давлат механизмҳои махсуси маҷбуркунӣ ва ҳукмронии худро дорад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ истифода мебарад. Роҳбари давлат ин соҳиби давлатаст, чӣ тавр метавонад, ки ба давлати худ зарар расонад ё ба дасти номухаллаф диҳад. Агар ҳар инсоне барои Ватан шуда, ҷони худро дар азоб мемонад ва дар як вақти вазнину сангин роҳбариро ба души худ мегирад, ҳалолаш бод Роҳбарӣ, Пешвоӣ, Қаҳрамонӣ ва садҳо унвонҳо. Зиёд инсонҳое ҳастанд, ки бо мушкилотҳои як оилаи пучаки худ садҳо маротиба аз таваллуд шудан пушаймон ҳастанд, умедашонро аз зиндагӣ меканам, аҳсан ба мардоне, чун Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз 9 миллион ё зиёда аз онро идора мекунанд, мушкилотҳоияшон гуш мекунанду расидагӣ мекунанд. Ман боварии комил дорам, ки Кабирӣ мушкилотҳои ту аз ҳама дида зиёдтараст, дар оилаат қадру қимате надорӣ ва наздиконат аз ту безоранд.

Имрӯз даъво дорен, ки баъзе аз афроди мухолифин ба Ватан баргаштанд, чӣ шуд? – бояд донем, ки касе гуноҳи каси дигарро пушонида наметонад ва ҳар як инсон барои кирдорҳои худаш ҷавобгар мебошад. Давлат наметавонад нафаре, ки ба давлату миллат кирдори ғайриқонуниро раво дидааст, авф кунад. Вале метавонад, дар баъзе мавридҳо имтиёзҳои барои шахсоне, ки ба Ватан баргашта таслим мешаванд, ҷорӣ намояд. Парвандаҳои онҳо қатъ карда мешаванд, ба ҷуз парвандаҳое одамкушӣ ё дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин бахшида намешаванд.

Худатро тарафдори сулҳ ва зидди истифодаи яроқ меҳисобӣ – ин моро хурсанд менамояд, ки алакай аз кирдорҳое, ки солҳои 90-ум ба мардуми тоҷик овардед пушаймон ҳастед. Аслан имрӯз устувории давлатро бо омодабошии сарбозону афсаронаш ва истифодаи яроқу аслиҳаи ҷангиаш эътироф мекунанд ва масофаи худро муайян месозанд. Агар Тоҷикистон имрӯз дар муборизаҳои наздисарҳадии худ бе яроқу аслиҳа мубориза баранад, ба фикри шумо вазъият хубтар мешавад?- албатта не. Вале ба шумо хубаст, ки сарбози мо бе аслиҳа назди шумо ба ҷанг барояд, ҳаминро шумо мехоҳед ва мехоҳед, ки он ҳаммаслакони шумо амнияти ватани моро халалдор созанд. Он омодабошии сарбозону афсани бо яроқу аслиҳа муҷаҳазшуда шуморо безобита кард, донед ки дар омодабошӣ танҳо сарбозону афсарон кишвар буд. Агар мабодо душмане бо мақсадҳои нопоки хиёнаткоронаи худ пойяшро ба Тоҷикистон мегузорад, боварӣ дорам 9 миллион тоҷик мубориза мебарад.

Мо дар таърихи нангини худ, як бор ба суханҳои дуруғи шумо бовар карда будему азобашро бо хунрезӣ ва гуруснагӣ дидем, ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки бори дигар кӯдакон гирён бошанду, мардум гуреза ва давлат пароканда. Шумо низ бояд донед, ки ба давлат тавсияҳои шумо зарур нест, шумо худо гуед, ки худованд кирдорҳои нопокатонро мағфират кунад. Ҳамаи миллатҳо сарҷамъ шуда, баҳри сироятёбӣ аз коронавирус сухан мегуян шумо таҳо барои сиёсату мансаб ва сари қудрат. Дили ту мисли дили садҳо нафари дигар пур аз бухсу бадбинӣ, кинаву хусумат бошад, айби каси дигар чӣ. Ҳар нафаре, ки нияти баду дили танг доран ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасад.

Аъзои фаъоли ҲХДТ

Э.Раҷабзода

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *