Рубрики
Uncategorized

Баррасии Паём дар ташкилоти ибтидоии «Дурахшон»

   Ин навбат  мизи мудаввар ҷиҳати баррасии мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ташкилоти ибтидоии “Дурахшон”-и шаҳри Конибодом баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бобоҷонова Мутрибахон  иштирок намуданд. Мулоқотро раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Нурматова Розия ҳусни оғоз бахшида, ҳадафи мулоқотро шарҳ дод. Ҳозирин бобати самтҳои мухталифи Паёми навбатии роҳбари давлат андешаронӣ намуда, таваҷҷӯҳу ғамхориҳояшонро нисбати муассисаҳои томактабӣ,ҳамчунин занону бонувон, соҳаҳои иҷтимоию тандурустӣ боиси ифтихор арзёбӣ намуданд. Мизи мудаввар бо мубодилаи афкори умум дар фазои шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии ватани маҳбуб сурат гирифт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *