Рубрики
Асосӣ

Баҳри татбиқи ҳадафҳои шоиста

Тибқи  нақша-чорабинии  КИ ҲХДТ  дар  вилояти  Суғд  оид  ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо  оид  ба  татбиқи  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси  ҲХДТ ,  Пешвои  миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар  шаҳру  ноҳияҳои  вилоят, ки  аз санаи 14 апрел то 18 апрели соли равон дар ташрифи навбатиашон ба вилояти Суғд баргузор гардид субҳи  имрӯз  дар толори  Колеҷи тиббӣ дар ноҳияи Бобоҷон  Ғафуров  мулоқоти  судманд  бо аҳолӣ  ва  донишҷӯён  баргузор  гардид.

Дар  мулоқот муовини Раиси КИ ҲХДТ дар  вилояти Суғд  Мансурӣ  З, дотсенти  ДКМТ  дар шаҳри  Бӯстон  Осими  Оқил, муовини Раиси ноҳия  Турсунзода М  ва  Раиси КИ ҲХДТ  дар ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров  Анварзода  Амирҷон  иштирок ва баромад намуданд.

Мулоқотро  Раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ Анварзода  Амирҷон  ҳусни оғоз бахшида,  чунин   қайд намуданд, ки   санаи 17 апрели соли 2022 дар шаҳри Гулистон мулоқоти Пешвои миллат бо фаъолони шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид. Зимни ин мулоқот аз ҷониби сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки замин, пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал, таъсири манфии омилҳои беруна вобаста ба вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, таҳкими тарбияи ҳарбӣ ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа додан, дастуру супоришҳои мушаххас иброз гардид.

Аз ин лиҳоз кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд тасмим гирифт, ки мулоқоту вохӯриҳоро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо сокинон доир намояд. Ингуна вохӯриҳо бо иштироки меҳмонон, аъзои гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ дар якчанд ҷамоатҳо баргузор шуда истодааст.

Дар  навбати  худ меҳмонони вохӯрӣ  низ  бо  навбат  оиди  масъалаҳо  зикршуда,  фикру  ақидаҳои  худро баён  намуда,  маслиҳатҳои  муфиду  судманд доданд.

.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *