Рубрики
Uncategorized

Ба дӯстони ӯзбек

                                  

Марҳабо, хуш омадед, бар диёри тоҷикон,

Пешкаш, эй шаҳри мо, дӯстони меҳрубон.

Баҳри истиқболатон рақсу бозӣ мекунем,

Бо камоли эҳтиром дилнавозӣ мекунем.

Гӯяд аз дил Шоира даст бигрифта ба бар,

“Дӯстон, хуш омадед, нури дида тоҷи сар!”

Мардуми тоҷик аз азал бо халқи ӯзбек равобити дӯстӣ дошт. Сафари Шавкат Мирзиёев  ба Тоҷикистон , ки ҳафтаи гузашта ба вуқӯъ пайваст, аз он шаҳодат медиҳад, ки риштаи дӯстиву бародарии ин ду кишвари ба ҳам ҳамсоя боз ҳам мустаҳкамтар хоҳад шуд.

 Боиси зикр аст, ки баъди соли 2018 санадҳои зиёди дуҷонибаи байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расиданд. Дар ин сафар низ бисёр шартномаҳо баста шуд. Мо – мардуми тоҷик аз омадани дӯстони ӯзбек хеле хушҳол гардидем ва ҳамеша таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мекӯшем, ки ин дӯстии мо ҳамеша пойдор бошад.

Қосимова Шоира Раҳбаровна   –  собиқадори ҳизб аз ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *