Дастгирии эҳтиёҷмандон, хайру саховат низ аз оинҳои неки ҷашни куҳанбунёди Наврӯз аст, ки имрӯз низ мардуми мо пос медоранд.
Дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз чун анъанаи ҳамасола раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурод Шукурзода бо кормандони масъули Кумиҷроия ба аёдати як гурӯҳ шахсони собиқадор, бемор, кӯдакони ятим ва оилаҳои эҳтиёҷманд рафтанд.
Собиқадори меҳнат Ашӯрбой Ҷумъаев, ки чанд сол боз бемор аст, аз ин боздид ва муборакбодӣ бо иди Наврӯз изҳори шодмонӣ ва сипос намуд ва шукргузорӣ кард, ки кӯмак ба пиронсолон дар сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмсомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад.
Ҳини боздиди наврӯзӣ ба даҳ оилаи эҳтиёҷманд ва кӯдакони ятим тӯҳфаҳои идонаи Кумитаи иҷроия, ки аз маводи ғизоӣ иборат буд, тақдим карда шуд.