Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ:ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – БАҚОИ ПОЯИ ДАВЛАТ

Миллати мо – миллати ваҳдатпараст,

                               Нақшаҳои ҷангҷӯёнро шикаст.

                               Гашта ваҳдат чун шиори тоҷикон,

                               Ифтихору иқтидори тоҷикон.

                               Дар ҳама ҷамъомаду ҳар арҷуман,

                               Дар забон дорем аз ваҳдат сухан.

      27 – июни соли 1997 дар таърихи навини миллати тоҷик  рӯзи мубораку муқаддас ва арзишманд ба ҳисоб меравад.

      Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашни саодат ва пирӯзиҳои мардуми сарбаланду сарафрози тоҷик дар ҷодаи меҳанпарастию хештаншиносӣ , дӯстию ягонагӣ ва баҳамомаданҳо мебошад.Ваҳдати миллӣ Ватанро аз парокандагию нестӣ ҳифз намуд. Чун офтоби нурпош пас аз шоми тираи ваҳдатбор ба ҷилва омада, диёри бостонии моро равшанистон бинмуд. Маҳз ваҳдати миллӣ барои шукуфоиву сарсабзӣ , ободонӣ , рушди иқтисодиёту  иҷтимоиёти кишвар , таъмини амнияти миллӣ , таҳкими мавқеи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ шароити созгор фароҳам овард. Барои расидан ба  ин рӯзи таърихӣ миллати азияткашидаи мо роҳи пурмашаққатро бо меъмори ваҳдат  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тай намуд.

      Чунонки маълум аст, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вазъи сиёсию иҷтимоии кишвари мо ба куллӣ тағйир ёфт.Нерӯҳои ҷудоихоҳ, ки аз хориҷи мамлакат дастгирӣ меёфтанд, оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд.Ин ҷанги бародаркушу бемаънӣ барои Тоҷикистон ҳисороти сангини ҷонӣ ва иқтисодӣ ба бор овард.Пойдевори ваҳдатро Иҷлосияи тақдирсоз, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, гузошт.Эмомалӣ Раҳмон дар дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардид. Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона, матонат ва зиракиву ҳушёрии худ кишварро аз вартаи фалокат берун оварда, мардуми парокандаро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор муҳоҷирро ба Ватан баргардонданд.Дар як муддати кӯтоҳ вайронаҳоро ба ободӣ табдил дода, барои куллан ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори кишвар талоши азим карданд.Сулҳи комил ва ваҳдати миллиро барқарор намуданд.

      Инак , соли бистучорум аст, ки мардуми сарбаланду меҳанпараст , сулҳхоҳу ваҳдатофари тоҷик санаи фархунда Рӯзи ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил, якпорчагии Ватан ва дӯстию якдигарфаҳмӣ, бо шукӯҳу шаҳомати бузург истиқбол мегиранд. Дар забони одамон каломи ваҳдату ягонагӣ пайваста садо медиҳад.

    Дар ҳақиқат, имрӯзҳо ҳамаи пешравиҳои кишвар дар заминаи ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омада, маҳз иттиҳоду ҳамбастагии мардум Тоҷикистони азизи моро ба фатҳи қуллаҳои мурод мерасонад. Имрӯзҳо мақсадҳои нопоку амалиёти бераҳмонаи гурӯҳҳои ифротиву тундгаро , ки ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука андохтааст, моро водор менамояд, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, ба қадри истиқлолият, сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Аз ин рӯ зарур аст, ки сиёсати хирадмандонаву сулҳҷӯёнаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем ва дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафту гулгулшукуфии кишвари азизамон саҳми арзанда гузорем.

Тоҷикистон – ваҳдатистони ҷаҳон,

                                  Кишвари боравнақи озодагон.

                                  Босафо имрӯзу ҳам оянда бод,

                                  Ваҳдати мо то абад поянда бод!

Солиева Муяссар   –    мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ

                                        дар   ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *