Фарзанд давоми умри инсон бошад,
Нерӯи дилу ҳаловати ҷон бошад.
Оре, фарзанд меваи ҳар як оила,давомдиҳандаи умри инсон,қуввати дил, рӯшноии чашми падару модар аст.Оила бунёд намудан ва фарзандони солеҳу меҳнатдӯстро тарбия кардану ба воя расондан яке аз қарзҳои аввалини волидон ба шумор меравад.
Дар боби ҳаштуми “Туҳфат- ул-мулук”-и Абӯҳафс Маҳмуди Исфаҳонӣ омадааст: “Ба ҳукми он ки фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва он дили поки ӯ чун гавҳаре нафис ва нақшпазир аст чун мум ва аз ҳама нақшҳо холист ва чун замине пок аст, ки ҳар тухм, ки дар вай афканӣ, бирӯяд. Агар тухми хайр афкандӣ, ба саодати дину дунё расад ва модару падару муаллим дар савоб бошанд…”
Ё чи хеле ки дар мақоли халқӣ омадааст :”Бача лой оча кулол”. Падару модарон бояд тарбияро аз овони кӯдакӣ оғоз кунанд. Мураббии аввалини ҳар як инсон пеш аз ҳама модар аст. Чуноне ки Ҷ.Ҳорберт гуфтааст: “Модари хуб аз сад устоду омӯзгор бартарӣ дорад”.
Дар ҳақиқат, ба тарбияи дурусти фарзандони худ ҳамон падару модароне муваффақ мешаванд, ки худ намунаи ибрат бошанд.
Мутаассифона, имрӯз баъзе аз падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбат ба ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои беҳдошти ҳаёти кӯдакон замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонд.
Аз ин рӯ, волидонро зарур аст, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст , анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.
Муяссара Солиева – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров