Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ:Таҷлили Рӯзи табибон

     Ҳамасола 18 август Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин сана ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии БН № 2 ҷамоати деҳоти Ёва  маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.   Дар он намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок намуда, табрикоти раиси кумитаи иҷроияи ноҳиявиро  ба самъи ҳозирин расонид.
     Зикр гардид, ки беҳтарин неъмат барои инсон саломатӣ мебошад. Маҳз барои ҳамин ҳам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тиб, пурсамар гардидани фаъолияти табибон ва дар ин замина ташаккул додани тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ғамхориҳои пайваста зоҳир менамоянд. Дар охир  якчанд  нафар  фаъолон бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *