Таҳти ин унвон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аксияи тарғиботӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус гузаронида шуд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ бо аъзоёи гурӯҳи тарғиботӣ, ки ба он табибон низ шомиланд, дар чойхона, назди бонк, хатсайрҳо бо мардум мулоқот доир намуда, оиди қоидаҳои санитарию гигиенӣ, истифодаи ҳатмии ниқоб, риояи масофаи иҷтимоӣ маслиҳат дода, варақаҳои тарғиботӣ ва ниқоб тақсим намуданд.
Рубрики