Санаи 23-ноябри соли равон майдони муҷассамаи академик Бобоҷон Ғафуров ба шарафи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо издиҳоми ҷавонони парчамбардор фаро гирифта шуда буд.
Қабл аз оғози автомарафони идона Раиси кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иштирокдорони чорабиниро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, зикр дошт, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз навгониҳои фараҳбахшу муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон ба ҳисоб рафта, саҳми он дар болоравии ҳисси худшиносии миллии шаҳрвандон арзанда аст.
Муовини Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар навбати худ мардуми ноҳияро аз номи Раиси ноҳия Давлатзода Зафарбек табрик намуд.
Таҳти навои карнаю сурнай ва суруду таронаҳои ватандӯстона ба ҳаракати афтомарафон, ки то ба маҷмааи Истиқлоли шаҳри Хуҷанд раҳсипор мегардад, оғоз бахшида шуд.