Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Амали дастҷамъона баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб

АНДЕША: Дар ҷаҳони имрӯза  кишваре  нест,  ки аз таъсири  гурӯҳҳои ифротӣ  дар  олам  нигарон  набошад. Зеро террор  ин  таҳдид ба тамоми  башарият  мебошад.

Аз ин  рӯ  имрӯз  аҳли ҷаҳонро  лозим  аст,  ки бар  зидди  ин  зуҳуроти  номатлуб муборизаи  ҳамҷоя  барад. Имрӯзҳо низ  бархе  аз ифротгароён,  хоинони  миллат  мехоҳанд,  ҳадафҳои  нопоки  худро  дар  тамоми  ҷаҳон  амалӣ  созанд ва  сулҳу суботи  ҷомеаро  халалдор  месозад. Имрӯзҳо  мардум  чеҳраи  аслии  ин  гуна  афроди  пастсифатро  шинохтаанд.  Онҳо  афроди  хиёнаткор  мебошанд,  ки  арзиши  истиқлол , ки  волотарин  ва  пурарзиштарин  дастоварди  давлату  миллати  тоҷик  аст, қадр  намекунанд. Миллати  тоҷик  тӯли  асрҳои  зиёд  дастовардҳои фарҳанги  асил,  ҳуввияти  миллӣ,  забонӣ давлатӣ ва  илму  адабиёти  оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба  ҳамагон  маълум  аст,  ки ниёгони  мо  бо  афкори  пурарзиш, беҳтарин  ва  равшантарин  орзуву  омоли  халқи  тоҷик ва ахлоқи  ҳамидаро  басо  орифона  ифода  намудааст.  Мо  бояд  ба насли ҷавон  талқин  намоем, ки шукронаи  даврони истиқлолият,  шукронаи  обу  хоки  диёр, осмони  софу  беғубор  намоянд  ва  андешаи  ободгароёнаю  суботкорона  дошта  бошанд. З-ин  сабаб муқаддас доштани  истиқлоли  давлатӣ, ки  барои  мо  рамзи  олии Ватану  ватандорӣ,  бузургтарин  неъмати  давлат  аст, расидан ба истиқлолияти  сиёсӣ,  иҷтисодӣ ва  фарҳангӣ мебошад. Истиқлолият  барои мо нишони  барҷастаи пойдории давлат, бақои  симои  миллат,  рамзи асолату ормонҳои  таърихӣ,  шарафу эътибори  ба  ҷаҳони  мутамаддин  пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли  Тоҷикистон мебошад. Ва  ин  арзишҳоро  чун  гавҳари  ноёб  аз ҳар гуна  гурӯҳҳои  номатлубу  хиёнаткор  ва  афроди ватанфурӯш эҳтиёт  бояд  намуд.

Баҳри  саҳм  гузоштан  дар  ободиву  пешрафти  Ватан, зодгоҳ,  маҳалли  зисти  худ кӯшишҳо  ба  харҷ  диҳем.  Баҳри  он  талош варзем,  ки Ватани ҷоноҷони  мо  боз  ҳам  ободтару  зеботар  гардаду  обрӯю нуфузаш дар арсаи  байналмилал боз ҳам  рушд ёбад.

Аъзои  фаъоли  ҳизб дар  ноҳияи   Бобоҷон  Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *