Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: АНДЕША ДОИР БА МАҚОЛАИ АБДУЛЛОИ РАҲНАМО

(МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 КИШВАРИ ТАҶОВУЗКОР НЕСТ?)

Мақолаи коршиноси сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”- дар асоси санадҳои тасдиқкунандаи байнидавлатӣ исбот намудааст, ки 211000 га заминҳои Тоҷикистон чӣ тавр ба ихтиёри Қирғизистон гузаштааст.

Ӯ менависад, ки низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики 100 сол идома дорад, дар солҳои охир боз ҳам мураккабу муташанниҷ гардидааст.

Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои “миёнаравӣ” дар ҳалли ин бӯҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст. Зеро таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии “миёнаравон”-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст.

Ин аст, ки гарчи Тоҷикистон дар ҳамаи сатҳу марҳилаҳо ҷонибдории худро аз ҳалли мусолиматомези масъала эълон доштааст, аммо дурнамои раванд нишон медиҳад, ки ҳоло давлат ва ҷомеаи мо бояд барои вазъияту буҳронҳои печидатаре омода бошад.

Бо чунин пешбиниву пешомад, дар канори омодагии ҷиддии сиёсию низомию иттилоотӣ, яке аз муҳимтарин заруратҳо огоҳ будани қишрҳои гуногуни ҷомеа аз моҳияти низоъ ва воқеияти мавқеъ ва манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст.

Мақсади асосии муаллиф дар асоси санадҳои дақиқи таърихӣ ин ба сокинони кишвар бештар фаҳмонидани масъалаи мазкур ва мавқеи устувори Тоҷикистон дар ин масъала мебошад. Ҳақиқате, ки ҳар як сокини кишвар онро дақиқ бидонад ва дар ташаккули мавқеи худ дар ин мавзӯъ асос қарор диҳад.

Марзи давлатии Тоҷикистон ин марзи устуворӣ, марзи осудагӣ ва суботу амният мебошад ва осудагии кишвар ин осудагии порае аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси наҷотдиҳанда, таҳлилкор ва рушду такомулдиҳандаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, давлативу ҳуқуқӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ ба сифати андешаи илмӣ татбиқи амалии онҳоро таъмин намуд, ки ин дастовардҳоро ҳар як фарди бо нангу номуси Тоҷикистон ҳифз намояд ва дар мубориза алайҳи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ саҳм гузорад.

Мо миллати тоҷик, бо сарварии Пешвои худ яке аз миллатҳои бостонии дунё ба ҳисоб рафта, дар тӯли таърих тамоми мушкилоту масъалаҳои пешомадаро бо ақлу хирад, сабру таҳаммул ҳаллу фасл кардаем ва ин масъаларо низ бо сарвари хирадманду фозили худ сарбаландона ҳал хоҳем кард!

Масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *