Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Артиши миллӣ – сипари боъэтимод

  Таҳти ин унвон,  санаи 18-уми феврали соли  ҷорӣ  дар толори  МТМУ №23 дар ҷамоати Ҳайдар Усмонов  дар асоси нақшаи  кории  шуъбаи занҳои кумиҷроияи ноҳиявӣ чорабинии идона  таҳти унвони  “Артиши миллӣ – сипари боэътимод”  ба истиқболи 29-умин солгарди  таъсисёбии Рӯзи  Артиши миллӣ доир гардид. 

Дар чорабинӣ намояндагони кумиҷроияи ноҳиявӣ, сарвари муассиса ва омӯзгорони фаъол иштирок намуданд.

          Чорабиниро сарвари муассиса Холшехов М  ҳусни оғоз намуда, ҳамагонро бо иди омада истода табрик намуданд. Сипас, мудири шуъбаи занҳои кумиҷроияи ноҳиявӣ Солиева М аҳли нишастро бо арафаи  Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ  ба ҷавонписарони муассиса даъват ба амал овард, ки хизмат ба Ватан ин шарафу номуси ҳар як ҷавонписар аст. З-ин  сабаб бояд ҳар як ҷавон аз хизмат ба Ватан саркашӣ накарда, сарбаландонаю софдилона ба хизмати Модар-Ватан равад.

         Сипас, дар вазъи тантанавӣ якчанд нафар хонандагони фаъоли муассиса ба сафи созмони талабагӣ аъзо шуда, дар назди ҳамагон ваъдаи созмони талабагиро қироат намуданд.

         Дар охир аз тарафи хонандагон баромади пурмуҳтавое намоиш дода шуд, ки ба ҳамагон илҳоми тоза бахшид.

         Инчунин, ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, сатҳу сифати хизмат ва имконияту шароитҳои мусоиди сарбозон дар қисмҳои низомии кишвар, тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди онҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва дигар масоили муҳими рӯз изҳори назар карданд. 

          Доир ба дастовардҳо, қарору қонунҳо, нақшаву барномаҳои давлатӣ дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳарбӣ, сатҳу сифати хизмат барои сарбозон дар қисмҳои низомӣ, таъсисёбии Артиши миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани ҷавонон номзади илмҳои таърих , дотсент   Алимов Ботур Ҳамидович,  номзади илмҳои сиёсатшиносӣ , дотсент Саидзода Шуҳрат Шукур  суханҳои пурмӯҳтаво намуданд. Инчунин,  сардори зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии  Коммисариати  ҳарбии ноҳияи Ашт Пулотов Шуҳратҷон Шарифович ва сарбози қаторӣ  Насриддинов Умедҷон оид ба сатҳу сифати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шароиту бурду боши хизмат баромад карданд.

         Аз ҷониби раиси Анҷумани “Пайванд”  Гулбаҳор Маликзода, сарвари маҳфили адабии “Ворисони Маъдан” Зафар Аҳмад ва хонандагон дар боби Ватандорӣ  суханҳои ҷолиб ва шеърҳои пурмазмун гуфта шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *