Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: “ВАКСИНА” КУМАК ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз низ дар асосии барқияи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти №104 аз санаи 7.12.2021 ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19, ки тайи дусол инҷониб тамоми ҷаҳонро домангир шудааст, барои фаро гирифтани сокинон ба ваксинаи зидди коронавирус корҳои ташвиқотиву тарғиботиро бо усули кӯча ба кӯча бо сокинон ташкил намуданд. Рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ сокинонро водор сохтанд, ки наҳаросед ва ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ дода нашавед, зеро ваксина роҳи ягонаи наҷоти боэътимод аз беморӣ мебошад. Ҳар яки мо бояд, ҳарчи зудтар худ ва аҳли оилаи худро аз ин бемории сироятӣ, бо гирифтани ваксина муҳофизат намуда, дар хотима ёфтани пандемия саҳми худро гузорем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *