Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Ватанро ҳифз мебояд намуд

                           

   Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои Истиқлоли давлатӣ мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 мулоқот доир гардид.

    Дар рафти мулоқот зикр гардид, ки орамию осудагӣ, сулҳу субот, фазои муносиб барои зиндагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аз бузургтарин неъматҳост, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба даст овардаанд.Ва бояд шукри онро карда,барои бардавомии он саъю кӯшиш варзид.Ватан ифтихор ва ватандорӣ саодати мост. Мо бояд Ватани худро азизу муқаддас ва марзу бумашро аз нотавонбинону хоинон ҳифз намоем. Ба ҳеҷ ваҷҳ ба Ватан – Модар хиёнат накунем.Ягонагии сарзамини мо аз худи мо вобаста аст .Бинобар ин ба ҳар гуна суханҳои бардурӯғу фитнаангези гурӯҳҳои ҷудоихоҳ ва хоинони давлату миллат гирифтор нашуда,Ватанамонро боз ҳам ободу зебо бояд намуд.Хизмат ба Ватан бошад яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. З-ин сабаб бояд ҳар як ҷавони бонангу ватандӯст, бояд донад, ки ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар як фарзанди бовиҷдон ҳам қарзу ҳам фарз аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *