Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои милат – Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ТИ маҳаллаи Сангин Ҳоҷӣ, дар МТМУ№33 мулоқоти судманд бо иштироки табиби минтақавӣ – Ҳасанова О, намояндаи шуъбаи кор бо ноболиғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, лейтенанти калони милитсия – Шарипов, намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ – Негматҷонова С ва волидони хонандагони муассиса баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директор оид ба корҳои таълим –Усмонова Ф ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро шарҳ дода, қайд кард, ки ҳар як дастури Пешвои миллат дар умқи тафаккури ҳар як сокини бонангу ор ҷо мегирад. Чунки суханҳои Сарвари давлат самимона буда, аз умқи дил нисбати давлату миллат баён мегардад. Паёми имсолаи Президенти кишвар воқеан ҳам фарогири тамоми масоили рӯзмарраи ҷомеаи кишвар аст. Қариб ягон масъалае набуд, ки аз мадди назари дурбинонаи Пешвои миллат дур монда бошад.
Сипас, сарвари муассиса Турсунзода М оиди Паёми Пешвои миллат маърузаи пурмуҳтавое намуда, аз ҷумла чунин баён дошт: Мо, омӯзгоронро мебояд, ки ҳар нуктаи паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои сарвари давлат нисбат ба маориф сатҳу сифати таълимро беҳтар намоем ва аз тамоми имкониятҳо васеъ истифода барем.
Баъдан корманди шуъбаи корҳои дохилӣ, оиди вазъияти имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, ин ҳам бошад шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва истифодаи телефонҳои мобилӣ, маърузаи хеле ҳам судманд намуд, ки бояд волидон ба фарзандони худ диққати махсус дода, нагузоранд, ки фарзандонашон бо интернет сару кор гиранду дар кӯчаҳо беҳуда сайру гашт намоянд.
Ҳамчунин табиби оилавии маҳаллаи мазкур, оиди паҳншавии бемории сироятӣ ҳамагонро огоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳатман бояд мо дар ҳама ҷо аз ниқобҳо ва моеъҳои антисептикӣ истифода барем, то ки саломатии худро эҳтиёт кунем. Зеро саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Ҳоло ки бемории Ковид-19 боз ҳам дар байни мардум паҳн гардидааст, мардум бояд ҷони худро дар хавар намонда, худро аз ин беморӣ эҳтиёт кунанд. Ҳамчунин даъват ба амал оварда шуд,ки нафароне, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, ҳатман ваксина гирифта худро аз ин беморӣ ҳифз намоянд .
Маҷлис бо саволу ҷавоб байни волидон ва баромадкунандагон ба интиҳо расид.