Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Дар тарбияи фарзанд фориғболӣ нашояд

Агар ба таъриху фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар афканем, дармеёбем, ки ниёгонамон ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекарданд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки “Насиҳатнома”-и Унсурулмаолии Кайковус, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ , “Баҳористон”- и Ҷомӣ саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.

Тарбияи фарзанд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.Тибқи талаботи моддаи 18-уми Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак, давлатҳои аъзо саъю кӯшишро ба он равона месозанд, ки принсипҳои умумиро эътироф карда, масъулияти баробари волидайнро барои тарбия ва инкишофи кӯдак таъмин намоянд.Бинобар ин, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила яке аз принсипҳои танзими муносибатҳои оилавӣ ба шумор меравад, ки он дар моддаи 1-и Кодекси оилаи ҶТ сабт гардидааст. Ҳуқуқи афзалияти падару модарро дар тарбияи фарзандон нисбат ба ҳама шахс кафолат медиҳад ва ба зиммаи онҳо уҳдадории тарбия рушду камоли фарзандонро вогузор мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани фарзанд, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд:

“Ҳамаи дастовардҳо ва норномаҳои мардонагиву қаҳрамонии фарзандони халқи тоҷик, бешубҳа, натиҷа ва самараи заҳмати падару модарони азизи мо мебошанд. Чунки ҳамчун инсони комил ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти ӯ ҳеҷ гоҳ бе меҳру муҳаббат ва дастгириву садоқати падару модар имкон надорад”. Тавре мебинем , Роҳбари давлат масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд хеле муҳим арзёбӣ менамоянд, ки ин асоси воқеӣ дорад.Воқеан, раванди ҳаёти пурҷилои имрӯзаи Тоҷикистони азизи мо маҳз аз масъулияти бузурги волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон реша гирифтааст.Қонуни ҶТ “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” омили болоравии ахлоқи накӯ, рушди илму маориф ва пойдории ҷомеаи солим гардидааст.

Бо мақсади дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонону наврасон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, ҷалби онҳо ба ҳунару ҳунаромӯзӣ ва иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сангин Ҳоҷӣ” бо ҷавонон мулоқот доир намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *