Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: ДОНИШ ЧАРОҒИ АҚЛ АСТ

Соҳиб будан ба маълумот ё ки хабар доштан оид ба олами ҳастӣ ва зиндагонии гузаштаву имрӯзӣ – дониш аст, яъне дониш  натиҷаи раванди фаъолияти дарксозии инсон аст. Барои ноил гардидан ба дониши воқеӣ услубҳои илмӣ ба роҳ андохта мешаванд.

Албатта роҳҳои аз худ намудани дониш хеле гуногун арзёбӣ мешавад. Васеъ кардани ҷаҳонбинӣ яке аз ҳадафҳои асосии таълим дар роҳи аз худсозии дониш аст.

Аз замони офариниши олам инсон пайваста дар ҷараёни таълиму тарбият қарор дорад.

Муаллими ахлоқи башарият Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шеърозӣ илмро сабаби бақои номи инсон номида, онро дар маҷмӯъ давлати маънӣ меномад. Илм ҳаёти қалб  аз нобиноӣ, нури чашм  аз торикӣ ва қуввати бадан  аз сустӣ мебошад.

Қайд бояд намуд, ки таълим ва тарбияи кӯдакон барои андӯхтани дониш дар ташаккули минбаъдаи ӯ ҳамчун шахс аҳамияти бузурге дошта метавонад. Вазифаи волидон ва омӯзгорони таълимгоҳҳо бошад, аз интихоб ва дуруст роҳандозӣ намудани тартиби муайяни муносибатҳо дар роҳи донишандӯзии шогирдон ва фарзандонамон аст.

Падару модар ҳангоми ба дунё омадани фарзанд мекӯшанд, то ӯ дуруст тарбия ёбаду соҳибмаърифат гардад. Ба ҳамин маънӣ, тарбияи тифл аз гаҳвора оғоз меёбад.

Муҳити солими хонавода зинаи нахустини тарбия аст ва масъулияти падару модар низ ҳамин аст, ки ҳаргиз тарбияи фарзандро аз мадди назар дур насозад. Барои фарзандон намунаи равшан ва намоён будан хеле муҳим аст, яъне агар волидон худ аз аҳли илм бошанд, фарзандон низ пайрави онҳо хоҳанд буд.

Агар ҳадафи асосӣ ва муҳимтарини мо ва фарзандонамон омӯзиш аст, пас бояд дар ин ҷода тамоми неру ва малакаи хешро сарф бояд кард.

Тарбияи дурусти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатии мамлакат маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода қабули қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” самараҳои нек дар беҳдошти тарбияи наврасону ҷавонон гардид. Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таълиму тарбия ҳамчун ба маҳсули хираду дониш ва маърифати инсон эътибор дода, дар баробари ҷанбаи амалӣ доштани ин санаду ҳуҷҷатҳо, ки меҳвари онро росту дуруст тарбия намудани насли муосир ташкил мекунад, ба арзиши таърихии он, ки ин эҳёи анъанаҳои  тарбиявиву таълимии гузаштагони соҳибназари миллати тоҷик мебошад, эътибори хоса зоҳир менамоянд.

Миллати тоҷик аз қадимулайём дорои фарҳангу  маданияти  бой  буда,  ба  ақлу  хирад  арзиши  баланд  мегузошт   ва  тавонист  донишро  дар  рўйи  сангу  қоғаз  ва  пўсту  матоъ  гирд  оварад.

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик аз қадим соҳибфарҳангу соҳибмаърифат буда, фарзонафарзандон аламбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофараш, аз қабили Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон натанҳо барои тоҷикон, балки барои аҳли башар хизматҳои шоистае намуда, шаъну шукӯҳи миллати тоҷикро боло бардоштаанд.

Чи хеле, ки мегӯянд илм сарҳад надорад. Пас, ягона роҳи муваффақиятҳоро бояд дар дониш андӯхтан дарёбем. Адиби ширинбаёни осори классики тоҷик – Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин маврид хеле хуб фармудаанд:

Дониш талабу бузургӣ омӯз,

То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.

 Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои

 КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров                           Д.Убайдуллоева

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *