Зӯроварӣ дар оила – ин кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад, мебошад.
Хушунати хонаводагӣ ҳамчун зӯроварӣ дар оила арзёбӣ гардида, тибқи таҷриба бо эҳтимоли зиёд нисбати занону духтарон сурат мегирад.
Дар доираи нақша-чорабиниҳо оид ба маъракаи “16-рӯзи мубориза алайҳи хушунати оилавӣ таҳти унвони “Зиндагӣ бидуни хушунат зебост” кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамкорӣ бо шуъбаи занон ва оилаи МИҲД-и ноҳиявӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аксияи тарғиботиро баргузор намуд.