Санаи 13.06.2022 аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи бобоҷон Ғафуров маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ТИ деҳаи “Чорсу” баргузор гардид.
Дар маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Солиева Муяссара иштирок ва баромад намуданд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ҳамаи масъалаҳои гузошта шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори ҷаласа сараввал ҳисоботи раиси ташкилот шунида шуд ва вазифаҳо дар фаъолияти босамари минбаъда пешниҳод гардид. Баъдан аъзои фаъоли ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Чорсу” Файзиева М ба музокира баромада, оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарони ҲХДТ ва кумиҷроияи шаҳрӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати хирадмандонаи Раиси ҲХДТ , Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баҳри пешравии ҷомеа ҳар як аъзои ташкилот боз ҳам хизматҳои софдилонаю содиқона хоҳанд намуд. Оид ба масъалаи дуюм шахси масъули ташкилот баромад намуда, бо ҷонибдории иштирокчиёни ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоиро аз нав интихоб намуданд. Оид ба масъалаи сеюми ҷаласа номзадии Негматова Б ҳамчун вакил пешкаш ва тасдиқ карда шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир намояндаи кумиҷроияи ноҳиявӣ, раис ва аъзоёни тозаинтихобро аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо таманно намуд. Дар иҷроиши Обуна -2023 низ пешравӣ таманно намуд.
Бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии деҳаи “Чорсу” хуб арзёбӣ гардида, ба кори ҷаласа хотима бахшид.