Имрӯзҳо дар баробари дигар неъматҳое, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих ноил гардидааст, истиқлолият яке аз муқаддастарини онҳост. Зеро Истиқлолият орзуи ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд.
Баъди ба даст омадани истиқлолият кишвари мо соҳибихтиёр гардида, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати тозае бо номи Тоҷикистон пайдо гардид ва онро тамоми кишварҳои ҷаҳон ба расмият шинохтанд. Аз ин, ки мо баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати худу истиқлоли комил гардидем, он ба нотавонбинону хоинони миллат писанд наомад ва кишвари моро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ сохтанд.
Кишвари тозаистиқлоли мо, ки акнун нафаси соҳибихтиёрӣ мегирифт, ба ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, ки дар натиҷаи он ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ҳалок гардиданду миллионҳо нафар гуреза шуда, ба кишварҳои ҳамсоя кӯч бастанд. Зеро дар мамлакат дигар мардум умед ба рӯзҳои осоиштаро аз даст дода буданд. Ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки дар Тоҷикистон дубора сулҳу субот пойдор мегардаду дар фазои амну осоиш ва ваҳдати комил умр ба сар мебаранд.
Хушбахтона, бо ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарор гардидани сулҳу субот дар кишвар ҷони тоза гирифта, бо азму талош ва ҷоннисоркуниҳои бесобиқаи ин марди хирад дар мамлакат дубора сулҳ ва оромӣ барқарор гардида, пояҳои истиқлоли давлатӣ мустаҳкам шуд ва ваҳдати миллӣ ба даст омад.
Инак, аз таърихи соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон 30 сол пур гардид. Тоҷикистон дар тӯли 30 соли истиқлолият ба дастовардҳои зиёди иқтисодию ичтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ ноил гардида, кишвари мо аз як давлати ҷангзада ба мамлакати ободу пешрафта мубаддал шуд, ки ин албатта боиси ифтихори якояки мо мебошад.
Маҳз файзи Истиқлол аст, ки имрӯз кишвари моро тамоми кишварҳои ҷаҳон мешиносанду ба муқаддасоти Тоҷикистон арҷ мегузоранд. Имрӯз дар бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ дар қатори парчамҳои кишварҳои гуногун парчами меҳани мо низ болафшонӣ мекунад.
Дар воқеъ, истиқлол волотарин ганҷе мебошад, ки барои мо ҳаёти осоиштаву моломоли орзуҳоро тақдим намуд. Истиқлол аст, ки мо имрӯз ҳаёти осоиштаву моломоли орзуҳоро тақдим намуд. Истиқлол аст, ки мо паи кору фаъолияти дӯстдоштаамон мебошему барои амалӣ сохтани орзуву ҳадафҳои накӯямон дар талошем. Ва Истиқлол аст, ки мо имрӯз худро хушбахт меҳисобем. Моро мебояд муҳофизи ин неъмати пурарзиш бошему дар таҳкимаш саҳми назарраси худро гузорем.