Ифротгароӣ аз ҷумлаи падидаҳое мебошад, ки барои амнияти миллӣ ва марзу буми ҳар як кишвари сулҳпарвар хатар эҷод мекунад. Кӯрдилоне, ки ба ҳизбу равияҳои хусусияти террористию экстремистидошта шомиланд, дониши казоии динию дунявӣ надоранд, моҳияти зиндагии худро дуруст дарк карда наметавонанд. Аз бедонишию зудбоварии онҳо истифода бурда, гурӯҳҳои таблиғгарии ифротиён онҳоро ба дом гирифта, гумроҳ сохтаю бо ваъдаҳои пулу моли калон ба ҳар роҳу восита ба майдони ҷанг бурда, ба куштани бародари мусулмони худ амр медиҳанд.
Сокинони Тоҷикистон низ дар баробари дигар аҳолии кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, дар атрофии Пешвои миллатамон муттаҳид гардида, дастовардҳои давраи истиқлолиятро бештар дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонону наврасон ташвиқу тарғиб намуда, саъй мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ зиракию сиёсиро дар ҳимояи марзу буми ватан аз даст надиҳанд.Ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон талош меварзем.
Имрӯзҳо дар аксар давлатҳои мусалмонӣ ҷангҳо идома ёфта, боиси харобӣ, ғорату дӯздӣ, куштору одамрабоӣ мегарданд.Чи хеле ки хонандаи азиз шумо аз матбуоти даври ва аз тариқ оинаи нилгун ва радио телефони мобили интернет бохабар ҳастед, вақтҳои охир дар баъзе давлатҳо ҷанг рафта истодааст. Чӣ қадар гурезаҳою толибилмҳо сарсону саргардон. Ин ҳама иғвогариҳои найрагҳою дасисаҳои терорристҳост. Ҳамаи ин моро ҳушдор месозад, ки аз давлати осоиштаи худ, ки бо заҳматҳои шабонарӯззаи Пешвои миллатамон ба даст омадааст, шукрона кунем.
Моро зарур аст, ки тамоми қувваю малака, донишу маҳорати худро ба бунёди ҷомеаи озод равона намуда, баҳри ҳаёти осоиштаи инсоният, тарбия намулани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ саҳми босазое гузорем.
САРМУҲОСИБИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ – МУЛЛОЕВА Б.