Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Иҷлосияи сарнавиштсоз

Соли равон 30 – солагии Иҷлосияи тақдирсози миллат, ки поягузори сулҳу ваҳдат ва давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил карда хоҳад шуд.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ,Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷумани ормонҳои миллат, сулҳу ваҳдат, эъмори давлат гардида, маҳз дар ҳамин иҷлосия сарнавишти минбаъдаи давлати миллӣ ва соҳибистиқлоли тоҷикон тарҳрезӣ, муайян ва мушаххас гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – оромӣ ва амният , сулҳу ваҳдат , ҳифзи якпорчагии марзу бум ва давлат қадамҳои устувор гузошта шуд.

Дар ҳақиқат ҳам, маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ аввалин қадамҳо гузошта шуд. Рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва нишони давлатӣ қабул ва тасдиқ шуданд, ки ин аз эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номус дар ҳамон давраи муташанниҷ дарак медод.

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ аз лиҳози моҳияти худ бо Эъломияи Истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Агар эъломия давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол эълом дошта бошад, пас, Иҷлосияи 16 –ум дар Хуҷандшаҳр ҳамин давлатро аз фаношавӣ нигоҳ дошт ва миллати тоҷикро аз гирдоби нобудӣ берун кашид.

Ин Иҷлосияи тақдирсоз ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дода, ҳамзамон, ба дӯши ӯ вазифаи мураккабу муқаддаси бунёди давлати воқеан соҳибистиқлол ва демократиро вогузошт. Воқеан, заҳматҳои бесобиқа ва қаҳрамониву фидокории Пешвои муаззами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар сарзамини биҳиштосои мо ливои ваҳдату ҳамдилӣ ва парфишонӣ дорад.

Инчунин, дар Иҷлосия санадҳои меъёри ҳуқуқие қабул шуд, ки моҳиятан барои таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, посдорӣ ва ҳимояи озодиҳои шаҳрвандон, таъмини бехатарии давлат созгор буданд.

Ин Иҷлосияи таҷдирсоз дар дар саҳифаҳои таърихи навини халқи тоҷик ба ҳайси Иҷлосияи наҷотбахшу сарнавиштсоз сабт гардида, омӯзонидани аҳамияти таърихии ин анҷумани ормонҳои миллат ба насли наврасу ҷавон вазифаи ҳар як шахси ватандӯсту хештаншинос ба ҳисоб меравад.

Солиева М – мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *