Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки имрӯзҳо мо сокинони шарафманди кишвар дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллат “30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор дорем.
16-уми ноябри соли 1992 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қасри Арбоб Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) баргузор гардид. Дар он вақт танҳо Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дӯш гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи ХVI муайян кард. Шӯрои Олӣ роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон интихоб намуд. Маҳз Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Иҷлосияи ХVI собит сохт, ки мардуми Тоҷикистон дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи ҳамагуна моҷароҷӯиро гирифта метавонад ва обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ собит ва ҳифз менамояд.
Новобаста аз баҳсҳои тӯлонӣ Иҷлосия тавонист қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсоз қабул намояд. Муҳимтарин дастоварди Иҷлосия тантанаи қонун ва бо роҳи конститутсионӣ ҳаллу фасл кардани тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризояти миллӣ, якпорчагии Ватан ва сулҳ таъмин карда шавад.
Аз ҳама муҳим, дар ин Иҷлосия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҳамон рӯз инҷониб ин шахсияти ватандӯсту дурандеш ва хирадманду тавоно барои муттаҳид намудани мардум, таъминисулҳу суботи комил ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар саъю кӯшиш менамояд. Чи хеле ки худи Пешвои миллат низ қайд менамоянд:
«Иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ба ташкили давлату ҳукумати нави Тоҷикистон замина гузошт».
Бешубҳа Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон фазои нави сиёсӣ, буда дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъин намуда, дастгоҳи нави давлатиро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеа мебошад, рӯи кор овард.
Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1993 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдодӣ сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон марди оқилу хирадманд ва боматонату ҷасур ҳастанд, ки ҳамеша барои беҳтару хубтар намудани сатҳи зиндагии мардум мекӯшанд.
Ғамхорӣ барои ояндаи миллат, далерию шуҷоат, дарки вазъияти пурхатари ба амал омада, қабули қарорҳои таъҷилӣ барои ҳифзи тартиботу мудофиа, иҷтимоиёти аҳолӣ ӯро сазовори маҳбубияти халқи кишвар гардонида, билохира дар лаҳзаи тақдирсози Ватан дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои олии кишвар интихоб гардид ва бо ҳамин тақдирашро як умр ба тақдири халқу ватани хеш пайваст. Аз ин рӯ мо бояд шукр гуем, ки дар рӯзҳои бениҳоят вазнин Худованд ба мо сарвареро насиб гардонд, ки хизмати Ватанро барояш арзиши олӣ ҳисобида, бо меҳру садоқат халқу оламро огаҳ сохт, ки баҳри хизмати Ватан омода аст ҷонашро нисор кунад.
Роҳбари давлат дар рафъи мушкилоти ниҳоят сахту сангини сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо иродаи мустаҳкам ва азми қавӣ қадам гузошта, барои расидан ба натиҷаҳои назаррас басо хизматҳои шоён намудааст. Хизматҳои бузург, содиқона ва бебозгашти Сарвари кишвар дар назди халқу Ватан аз ҷониби аҳли ҷомеа кайҳост, ки комилан эътироф шудааст. Имрӯз халқу миллати тоҷик ифтихорманд аз он аст, ки чунин роҳбаре, ки наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва Пешвои эътирофшуда насибаш гаштааст. Мо боварии комил дорем, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гўшаву канори диёри мо ободу зебо ва бо рушди бесобиқа вусъати тоза мегирад, хурсандии мо беҳаду канора аст.
Имсол аз баргузории ин рӯйдоди муҳими таърихи 30 сол пур мешавад ва кулли мардуми сарбаланди диёр бо хурсандии беандоза ин санаи таърихиро ботантана таҷлил мекунанд.
Мо кулли мардуми кишвар бояд, ҳеҷ гоҳ далерию корнамоиҳо ва шуҷоатнокии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз хотир фаромӯш насозем ва ҳамеша дар пайи амалҳои неки ӯ бошем. Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем.
Бигзор ҳамеша дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, озодиву соҳибихтиёрӣ ва рушди ҳамаҷониба дар кишвари азизамон абадан пойдор бошад.
Амирҷон Анварзода – раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.