Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Конститутсия – бахтномаи миллат

Ҳамасола дар саросари кишвар санаи 6 – ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Конститутсия бахтномаи миллат ва ҳуҷҷати сарнавиштсози халқ мебошад. Дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Сартӯқай” бо иштироки масъулини кумиҷроия хониши сиёсӣ баргузор гардид. Оид ба Конститутсия Раиси ташкилоти ибтидоӣ Ниёзматова Д. баромад намуда, қайд кард, ки дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули конститутсияи нав пеш омад. 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мардуми кишвари азизи мо бигзор дар Тоҷикистони чунин ободу зебо ва бо Пешвои хирадманди худ зери ҳимояи Конститутсияи худ тинҷу осуда бошад. Дар охир мудири шӯъбаи занони кумиҷроия аҳли нишастро аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ин рӯзи фархунда, бо ҷашни бузурги миллат, Конститутсияи Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, барои ҳамагон тансиҳатӣ, хонаи обод ва пешравию сарбаландиҳоро хоҳон намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд нафар аъзоёни тозаинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *