Ҳар сол санаи 6-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Ин қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар сокини мамлакат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ қайд карданд, ки “Конститутсия ба сифати Қонуни Олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор медиҳад”. Ин сана барои мардуми мо як санаи таърихӣ буда, сарнавишти имрӯзу фардои давлатамонро дар худ таҷассум менамояд. Бахшида ба ин санаи муқаддас кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия озмуни иншои беҳтаринро дар мавзӯи “Конститутсия – бахтномаи миллат” ташкил ва баргузор намуд. Дар он ғолибони даври минтақавӣ ширкат варзида, оиди аҳамият ва мақсади ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз фикру ақидаҳои худро баён намуданд. Ғолибон муайян гардида, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Рубрики
Бобоҷон Ғафуров: Конститутсия – бахтномаи миллат
