Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Конститутсия – муҳофизи ҳар як сокини кишвар.

  Ба шарофати Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ ва халқи тоҷик ҳамчун мардуми бунёдкор ва сулҳпарвару фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ин қонун давлат ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу вазифаҳои инсон аз тарафи давлат эътироф ва кафолат дода мешаванд. Тибқи Конститутсия ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ба ягон ваҷҳ, ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол кунанд. Масъалаи муҳими дигар ин дахлнопазирии шахсият, моликият ва монанди инҳо мебошад.

       Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он аст ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Ба ҳамагон маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ ҳисобидаанд.

     Таҳия ва қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он марҳалаҳои гуногун ва хеле мушкилу махсусро сипарӣ кард. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми сиёсии даврони муосир бунёд гузошт. Бояд гуфт, ки низоми сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо риояи арзишҳои дигари умумибашарӣ барои рушди ояндаи кишвар мусоидат менамояд.

     Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон бо эътирофу сабти соҳибихтиёрии мардуми Тоҷикистон шурӯъ шудааст. Муқаддимаи Конститутсия бо суханони «Мо, халқи Тоҷикистон, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем» огоз меёбад. Мувофиқи ин халқи Тоҷикистон бо назардошти воқеияти таърихӣ сарнавишти худро муайян кард ва давлатдории худро тақвият бахшид. Ин матлаб дар моддаи 6 Конститутсия хусусияти меъёрӣ касб намуда, халқ ҳамчун «баёнгари сохибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи хокимияти давлатӣ» эътироф шудааст. Конститутсияи Точикистон аввалин маротиба мафҳуми таркибии халқро муайян намуда, тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ҳизбу созмон, гурӯҳе ва ё фарде манъ кард.

      Низоми нави давлатдорӣ, ки Президенти мамлакат дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ ва низоми қонунгузорӣ тарҳрезӣ намуданд, барои озодии инсон ва ҷомеа муҳит ва заминаҳои воқеӣ муҳайё кард. Барои ҳар як шаҳрванд озодии андеша, виҷдон, раъю иродат ва озодии фаъолиятҳои иктисодӣ фароҳам оварда шуд. Озодии инсон, истиқлолияти миллат ва давлатдории миллӣ, ки Президенти кишвар ҳадафи олии худ эълом дошта буданд, бо пайравии содиқонаи фарзандони бонангу номуси Ватан ва заҳматҳои шабонарузии Сарвари миллат пойдор гардид.

Мамадҷонова М – масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *