Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Корҳои тарғиботи оиди пешгирии амалҳои номатлуб

Бо мақсади татбиқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои протоколи машварати назди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз 13 сентябри соли ҷорӣ ва тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мулоқоту вохӯриҳо оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ ва таъсири унсурҳои бегона ба фарҳанги миллии либоспӯшӣ, санаи 27 сентябр вохӯрӣ дар ТИ маҳаллаи “Чорсӯ” ва ТИ минтақаи Унҷӣ, бо иштироки намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбарзода Маъруф – мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Негматҷонова Саёҳат – мудири бахши таблиғот ва иттилоот, намояндаҳои ҷамоатҳои номбурда баргузор гардид.Дар ин мулоқот намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Акбарзода Маъруф суханронӣ намуда, зикр намуд, ки имрӯзҳо ҳарчанд дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва макотиби оливу мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии қаламрави вилояти Суғд бо ҳузури намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мутахассисону коршиносон дар мавзуи хатари ҷараёни ифротиву тундгаро сӯҳбату мулоқотҳо баргузор мегардад, вале то кунун масъалаи марбут ба пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, аз ҷумла шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву тундгаро, сабаб ва ҳолатҳои пайвастани иддае аз ҷавонони Тоҷикистон ва гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳанӯз аз мавзуъҳои доғи рӯз боқӣ мемонад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташфиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал фарҳанги маънавиро коҳиш дода, фалаҷ месозанд ва баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.Бинобар ин мо шаҳрвандони кишвар, новобаста ба синну сол ва дигар фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки дар маҷрои ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият, истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор, ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳа таҳким бахшем, бепарво ва масъулиятношинос набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, инчунин ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастоварҳои истиқлолият, таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *