Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Масъулияти оиладорӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақши оила дар ҷомеа ва таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Аз ин рӯ,барои ба танзим даровардан ва баланд бардоштани масъулияти падару модар ва фарзандон дар назди ҳамдигар ва қонун як силсила санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба табъ расидаанд.

Инчунин, дар асоси Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимоя ва рушди оила, раванди таълиму тарбияи шоистаи фарзандон қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд.

Боиси зикр аст, ки дар оилаҳое, ки дар асоси муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигар ташкил ёфтаанд, фарзандони солим ва аз ҷиҳати маънавӣ бофарҳангу хушахлоқ ба воя мерасанд. Муҳити солими оила аз хирад, дониш ва маданияти волидайн сарчашма мегирад.Оила зинаи аввалини тарбияи фарзанд мебошад.Маҳз дар ҳамин замина набояд ба хатогие роҳ дод. Бекор шудани ақди никоҳи ҷавонон сол аз сол зиёд шуда истодааст ва сабаби асосии он пеш аз ҳама дар омода набудани онон ба зиндагии мустақилона мебошад. Дар баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон ба ғайр аз волидайн омӯзгорон низ масъулият ҳис намоянд.

Оиди ин масъала ва якчанд дигар муаммоҳои ҷомеа мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо аъзоёни Шӯрои занони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Розия Озод мулоқот доир намуд.

Инчунин, якчанд нафар аз бонувони фаъоли ин муассиса зимни баён намудани фикру андешаҳои худ зикр карданд, ки дар ҳақиқат, яке аз сабабҳои асосии бекоршавии ақди никоҳ байни ҷавонон вазифаи худро дуруст иҷро накардани падару модарон мебошад.Агар волидайн нисбат ба фарзандон дар асоси талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекарданд, он гоҳ чунин вазъияти номатлуб ба вуҷуд намеомад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *