Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Модар яктост – Тоҷикистон яктост!

  Боиси хурсандӣ ва  ифтихор  аст,  ки имрӯзҳо кишвари  азизи мо  Тоҷикистони соҳибистиқлол  тинҷу  осуда  ва  ободу  зебо аст,  ки  воқеан  мояи ифтихору  сарфарозист. З-ин  сабаб  ҳар  як  ҷавони бонангу  ор  бояд баҳри ин  Ватан  сидқидилона  хизмат намуда, қарзи худро адо  намояд.

 Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Раиси муззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар  баромадҳои  худ борҳо  таъкид  менамоянд, ҷавонон ояндаи миллатанд ва уммеди халқи тоҷик ба ҷавонони бонангу ор аст, ки тавонанд, дар ҳама ҳолат Ватани худро ҳифз намоянд.

  Мо имрӯзҳо ифтихор аз он мекунем, ки  ҷавонони фаъолу  пешқадам дорем, ҷавононе, ки ҳамеша мекушанд дар сафи пеш бошанду ба манфиати халқу Ватан ҳиссаи арзандаи худро гузоранд.

 Гуфтан ба маврид аст, ки барои сарбаландона ҳифз намудани ватани худ яке аз вазифаи асосии ҷавонмардон ин хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ  мебошад.  Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он  вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст. Хизмат дар  сафи  Қувваҳои мусаллаҳ  яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозаш фахр мекунад.

Инҷо боз  ҳам  гуфтаҳои   Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кайд кардан  зарур аст, ки  мегӯянд: “ Хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.”

      Аз фурсати муносиб истифода бурда, даъват ба амал меорем, ки шумо ҷавонони азиз бо хоҳишу иродаи худ, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дохил шуда, сарбаландона хизмати Модар – Ватанро ба ҷо оред, ки хизмат кардан  ба  Ватан – Модар ин шарафи ҷавонмардӣ  ва  мояи  ифтихор  аст.

Негматҷонова С – масъули  КИ ҲХДТ дар  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *