Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Мо ҳомиёни Ватанем!

   Таҳти ин унвон ба ифтихори  29- умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар КИИ ҲХДТ минтақаи Ёва ,муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 чорабинӣ баргузор гардид, ки  дар он  Заррина Раҳмон – мудири шуъбаи занони КИВ ҲХДТ , Солиева М –мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Негматҷонова С- мудири бахши умумии кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ, Ҳомидов Ш ва Холиқов И- иштирокчиёни ҷанги Афғонистон иштирок намуданд.

   Нахуст, директори муассиса Раҳматов А чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, кулли иштирокчиён ва тамоми мардуми шарафманди тоҷикро бо ин санаи муқаддас табрику муборакбод намуданд.

  Сипас, намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявӣ баромад карда, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки  дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу оромӣ пойдор аст ва шароити хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар хуб аст, барои саркашӣ аз хидмат баҳонае мавҷуд буда наметавонад.Хизмат дар сафи Артиши миллӣ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки шоистаи ифтихор ва шарафи бузург буда,хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ шинохта мешавад.

  Хонандагон дар қисми фарҳангии чорабинӣ баромад намуда, дар васфи Модар – Ватан шеъру таронаҳо суруданд. Саҳначаҳои тарбиявӣ ба маърази тамошобинон гузошта шуд.

  Дар охир, аъзоёни фаъоли ҳизб бо  Сипосномаи КИН ҲХДТ сарфароз гардонида шуда, ба якчанд нафар омӯзгорони ҷавон , ки нав ба сафи ҳизб аъзо шуданд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд .

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *