Рубрики
Асосӣ Мақола

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуб

АНДЕША: Дар замони муосир дар тамоми кишварҳо ҷавонони ба доми фиреби ифротгароён афтода кам нестанд. Ин ҷавонон бехабар аз мақсаду мароми ифротиён ҷони ҷавони худро қурбон мекунанд. Ноогаҳӣ аз асолати фарҳангӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст.

Гурӯҳҳои террористӣ бо амалҳои худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нооромӣ ба вуҷуд меорад. Бо ин роҳ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон кӯшиш менамоянд. Аммо, бояд таъкид намуд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои ғайриинсонии худ нахоҳанд расид, зеро дар ҳастии башарият ва зиндагии воқеии инсонӣ ахлоқ аз ҳар чизи дигар муҳиму асосӣ ба ҳисоб меравад.

Имрӯз ба иқтидори ҳарбӣ, тавоноии мудофиавӣ, ҷасорату матонати сохторҳои қудратӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша шакку шубҳае нест . Тамоми гурӯҳҳои террористӣ гӯё мусулмонанду арзишҳои диниро ҳимоя мекунанд, вале дар асл онҳо супориши душманони хориҷро иҷро мекунанд. Имрӯз ин зуҳуроти номатлуб аз ҷумлаи мушкилоти миллӣ, минтақавӣ ва умумибашарӣ аст. Тарбияи шахси ватандӯст пеш аз ҳама дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа ташаккул меёбад. Ватандӯсту хештаншинос будани ҳар як инсон ва шаҳрванд дар муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон, ёру дӯстон зуҳур меёбад.

Омӯзгоронро зарур аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳанд. Дар онҳо ҳисси нафрат ва бадбиниро нисбати терроризм, экстремизм ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуб бедор намоянд. Ташкили вохӯриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар доираи шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад, зеро мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар фарди ватандӯст аст.

Бадхоҳони миллат бояд ба хубӣ бидонанд, ки ин хоки муқаддас ва ин миллати соҳибтамаддуни тоҷик на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғуши худ мегирад. Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо босуръат ба пешравиҳо ноил гардидаву шукуфон гардида истодааст, ки ин ҳам бошад, қомат афрохтани биноҳои баландошёнаи зебою барҳаво ва бемористону мактабҳои замонавӣ, боғчаи кӯдакону марказҳои ҳунару ҳунармандӣ мебошад, ки ба наслҳои минбаъда як мероси гаронарзише ба ҳисоб меравад.

Мо шаҳравандони ватандӯсту хештаншинос бо шукргузорӣ аз чунин Ватани ободу зебо, бо шукргузорӣ аз замони тинҷу осуда , ҳамеша кӯшиш намоем, ки ин ободкориҳои Ватани азизамон боз ҳам рушд ёбаду пои ягон душмани нохалаф ба Ватани маҳбуби мо нарасаду сулҳу суботи Ватани азизамонро халалдор созад.

Кӯшиш намоем, ки ин сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоию ободиро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардорем.

Аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *