Рубрики
Uncategorized

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: мулоқоти судманд оиди баррасии Паёми Пешвои Миллат

Масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 8-феврали  соли равон, ҷиҳати тарғибу ташвиқи мӯҳтавои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар ҶДММ “Афзали Зарзамин” мулоқот доир намуданд.

Дар мулоқот намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Маъруфзода Акбар доир ба эълон гардидани “Солҳои  2022-2026 солҳои рушди саноат”қайд намуда, ҳамчунин нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва молиявӣ, дастовардҳои назаррас, раванди босуръати саноатикунонии кишвар,  татбиқи сиёсати занон, ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар Паём ироа  гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Инчунин зимни мулоқот зикр карда шуд, ки  дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза  зарур инъикос ёфта, моро месазад, ки  дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат фаъол бошем ва барои таъмини шароити арзандаи хеш талош варзем.

Ҳамчунин аз фурсати муносиб истифода бурда, масъулини кумиҷроия даъват ба амал овард, ки бояд ҳар шахси ватандӯст аъзои ҳизб бошад. Зеро ҲХДТ – ҳизби мардумӣ буда, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум талош меварзад ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан , ин шарафу ифтихор аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *