Рубрики
Асосӣ

БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Муҳаббат ба ҳунар

     Ҳар як халқу миллатро маҳз тавассути маданияту фарҳангаш мешиносанд ва он қодир аст , ки инсони ботинан солимро ба вуҷуд орад.Афроди замони муосир дар сарнавишти ояндаи хеш фақат ба комёбиҳои маънавии дар тӯли асрҳо ба даст овардааш умед мебандад, зеро худшиносиву ҳуввияти миллӣ аз омӯзишу донистани фарҳанги гузашта ва имрӯза маншаъ мегирад.Санъату ҳунар асоси рушди фарҳангу маданият ва пойдории он ба шумор меравад.

   Тоҷикон аз замонҳои қадим мардуми ҳунарманду фарҳангдӯст буданд ва ҳамеша ба касбу ҳунарҳои аҷдодӣ арҷ мегузоштанд. Ин хислати хуб ва шуғли ҳамарӯзаи гузаштагон , яъне ҳунару ҳунармандӣ дар байни мардуми мо побарҷост. Маҳз касб ва ҳунар шахсро шуҳратманд мегардонад.Дар ҳақиқат, ҳунар арзиши баланд дорад ва ҳар касе, ки соҳибҳунар аст, дар ҳама давру замон дар байни ҷомеа сазовори иззату эҳтиром хоҳад буд. Аз қадимулайём ҳунарҳои мардумӣ яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ ба шумор мерафтанд.

   Воқеан,эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад.Бахусус,маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонҳои хориҷӣ ба кишвар ва мардуми мо бошад.Инчунин,дар ин самт ҷалби ҳар чи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ,бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.

  Занону бонувони тоҷик аз азал бо ҳунармандии хеш миёни дигар қавму миллатҳо маъруф буда, дӯзандагию ресандагӣ,бофандагию пазандагӣ – ин ҳама нишона аз ҳунари волои эшон аст.

  Ҳунарро чашмаи зояндаву давлати поянда гуфтаанд. Ҳунар ганҷи ноёб асту соҳибҳунар ҳамеша муваффақу комёб. Миллате, ки ҳунару ҳунармандонро қадр мекунад, пешсафу номдор аст.Яке аз муаррифгарони халқу миллат ин ҳунармандон мебошанд.Ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба шумор меравад.

      Фарҳангу маънавиётро бояд пос дорему онро ташаккул диҳем.Инкишофи фарҳангу маданият дар дасти ҳар фард буда,аз байнбарандаи фарҳанг низ худи шахс мебошад ва маҳз ҳунармандон фарҳангро ташаккул дода, поянда нигоҳ медоранд.Давлате, ки номдору побарҷост аз ҳунармандони худ ифтихор дораду ба фарҳанги куҳану имрӯз ва фардояш арҷ мегузорад.

       Солҳои охир ба назар мерасад, ки дар шаҳру ноҳияҳои дурдаст барои касбомӯзии ҷавондухтарон тадбирҳои хуб амалӣ карда мешаванд. Ин ба он мақсад равона шудааст, ки пешгирии оилавайроншавӣ байни ҷавонон коҳиш дода шуда, сатҳи бекоршавии ҷавонон низ то андозае кам карда шавад.

         Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунаромӯзӣ байни занону духтарон ва бахшида ба эълон шудани солҳои 2019-2021”Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Дӯстӣ” вохӯрӣ доир намуда, бо маҳсули дастони ҳунармандони Литсейи касбӣ-техникӣ аз наздик шинос шуд.

   Солиева М.- мудири шуъбаи занони КИ ҲХДТ дар н.Б.Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *